Анна Ревенко, вазири корҳои дохилии Молдова дирӯз шикоят кард, ки саҳифаи шахсиашро дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” рахна кардаанд. Дар ин бора АИР “Новости” дар такя ба сухангӯи ВКД Молдова иттилоъ додааст.
“Имрӯз саҳифаи шахсии ман дар “Фейсбук” рахна шуд. Дигар ман ин саҳифаро соҳибӣ намекунам ва ҳама паёмҳое, ки дар онҷо пайдо мешаванд, қалбакианд. Ман аз ҳама шаҳрвандон даъват мекунам, ки эҳтиёткор бошанд ва танҳо аз манобеъи расмӣ иттилоъ гиранд”, — навиштааст Ревенко дар саҳифаи дигари худ бо истинод ба саҳифаи рахнашудааш.
Ду рӯз пештар, маъмурияти президенти Молдова аз рахна шудани саҳифаии расмии Майя Санду дар “Telegram” хабар дода буд. Маъмурияти президент гумонбари ин рахнагарӣ вазири адлияи кишвараш Сергей Литвиненкоро медонист, ки чанд рӯз қабл бо соҳиби саҳифа даъво карда, бо ин амалаш гӯё аз ӯ қасд гирифтааст.
Баъди ин рахнашавӣ сабти гуфтугӯҳои телефонии Дорин Речеан, мушовири Президент дар умури амният дар ин саҳифа мунташир шуданд. Литвиненко гузоришҳоро “дасткорӣ” номид, аммо шуморе аз мансабдороне, ки дар мукотиба номашон зикр шудааст, эътироф карданд, ки бо собиқ вазири амният ва ҳамакнун мушовири президент гуфтугӯ кардаанд.
Рӯзи сешанбе ин телеграмм-шабака мукотибаи вазири тозатаъйини иқтисод Думитру Алайбаро низ бо мақомҳои дигари баландпяи кишвар нашр кард. Қаблан, директори Хадамоти иктишофии Молдова Александр Мустеата, зимни мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии Кишинёв гуфта буд, ки метавонад дар паси “ифшои” ин мукотибаҳои сиёсатмадорон ва мақомоти дигари Молдова хадамоти кошифии хориҷӣ бошанд.