
Сиёсатмадори маъруфи қазоқ Иманғалӣ Тасмағамбетов иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таъин шуд. Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян хабар дод.
«Аз аввали соли 2023, дар се соли оянда вазифаи дабири кулли СААД — ро намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Иманғали Нургалиевич Тасмағамбетов иҷро хоҳад кард. Фикр мекунам, агар Қасим-Ҷомарт Кемелевич (Тоқаев) розӣ бошад, ин дуруст хоҳад буд. Ӯ бояд ин кадрашро ба мо тақдим мекунад, албатта, агар мувофиқ донад”, — гуфт Никол Пашинян дар ҷаласаи СААД дар Ереван.
Иманғалӣ Нургалиевич Тасмағамбетов 9 декабри соли 1956 дар деҳаи Новобогати вилояти Гуреви Ҷумҳурии Қазоқистон таваллуд шудааст. Соли 1979 факултети географияи табиии Донишкадаи омӯзгории Урал ба номи А. С. Пушкинро хатм кард. Солҳои 1973-1974 мураббии мактаби варзишии кӯдакону наврасони деҳаи Махамбети вилояти Гурев; соли 1979 муаллими фанни география ва биологияи Мактаби миёнаи ба номи Махамбети вилояти Гурев; соли 1979 — мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомолии ноҳияи Махамбет, мудири шуъбаи кори комсомолӣ, мудири шуъбаи ташкилотҳои комсомолии комитети комсомолии вилояти Гуреви Қазоқистон; слҳои 1983-1985 котиби якуми кумитаи комсомоли шаҳри Гуреви Қазоқистон; солҳои 1985-1986 мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи шаҳри Гуреви Ҳизби коммунисти Қазоқистон; солҳои 1986-1988 котиби якуми Кумитаи комсомоли вилояти Гуреви Қазоқистон; солҳои 1988-1989 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони коргар, шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷавонони КМ комсомоли Қазоқистон, котиби КМ комсомоли Қазоқистон; солҳои 1989-1990 котиби якуми КМ комсомоли Қазоқистон; солҳои 1990-1991 — вакили мардумии Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон; солҳои 1991-1993 — раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба кор бо ҷавонон; солҳои 1993-1995 — ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон; солҳои 1995-1997 — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон; 1997 — муовини сарвазир — вазири маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон; 1997 — муовини сардори Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — мудири шӯъбаи ташкилӣ ва назорати Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон; солҳои 1998-1999 — Ёрдамчии якуми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон; солҳои 1999-2000 — раиси вилояти Атырау; солҳои 2000-2002 — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон; солҳои 2002-2003 — Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон; солҳои 2003-2004 — Котиби давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон; соли 2004 сардори Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон; аз декабри соли 2004 то апрели соли 2008 — раиси шаҳри Алмаато; аз 4 апрели соли 2008 то 21 октябри соли 2014 — раиси шаҳри Остона; аз 22 октябри соли 2008 — раиси бахши Ҳизби «Нур Отан» дар шаҳри Остона; аз 22 октябри соли 2014 то 13 сентябри соли 2016 — вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон; аз 13 сентябри соли 2016 то соли 2017 — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон. аз соли 2017 то 2019 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Федератсияи Россия буд.
Пас аз ин, ӯ саҳнаи сиёсиро тарк карда, ба нафақа рафт ва узви Шӯрои мудирони корпоратсияи автомобилии «КАМАЗ»-и Россия шуд. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ аст.