Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Гана Эрик Овусу-Боатенг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Эрик Овусу-Боатенгро ба муносибати ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.