
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Эрик Овусу Боатенг – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқт намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақваяти ҳамкориҳои минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гана дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишварзии Гана доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» таҳия гардида, пешниҳод карда шавад.
Инчуннин тарафайн зарур шумориданд, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои дақиқи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳо гурўҳи кории муштарак таъсис дода, ҷаласаҳои он мунтазам баргузор карда шаванд.