
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франсиско дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаи маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави мамлакат бо истифода аз сармояи Ҷумҳурии Аргентина баррасӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар медиҳад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба миёни ду кишвар, аз ҷумла зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баррасишуда изҳор доштанд.