Дар шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 101,8% таъмин гардида, ба ҷойи 7 млрд 149,4 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 7 млрд 278,5 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод.
«Дар натиҷаи тадбирҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ, тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешида ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии мақомоти андоз, бештар ва беҳтар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон воридоти андозҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тамоюли афзоиш дошта, омилҳои мазкур барои таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳои дохилӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 мусоидат намуд.
Иҷрои сифатии қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи танҳо як намуд — андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардид»,- афзуд Нусратулло Давлатзода.
Гуфта шуд, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбати андозсупорандагони қарздор 7,5 ҳазор адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 487,0 млн. сомонӣ қабул гардида, аз н ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2021 қабулшуда дар маҷмӯъ ба буҷет 408,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,0 млн. сомонӣ зиёд буда, дар ин самт чораҳри иловагӣ андешида шуда истодааст.