Давоми 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2022 иттилоъ дод. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зикр шуд, ки тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 130 корхонаву коргоҳи нав бо 2685 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
“Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 220,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 27,0 млн. сомонӣ зиёд аст”,-гуфта шуд зимни ҷаласа.
Қайд гардид, ки дар вилояти Суғд фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон истеҳсоли пойафзол ба 290,6 ҳазор ҷуфт расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст.