
Таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд 23 ҷоиза ба даст оварданд. Мусбиқа аз 18-ум то 20-уми ноябр давом ёфт. Дар ин бора Федератсияи таэквондои Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 20 варзишгари таэквондо рақобат карданд. Онҳо 11 медали тилло, 2 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба барномаи мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд мусобиқоти мардону занон аз рӯи 20 намуди инфиродӣ шомил буд.