![ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН: 100-солагии Меҳрубон Назаров бошукӯҳ таҷлил шуд](http://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2022/11/316543083_444089357908101_898666655059792754_n.jpg)
Бахшида ба 100-солагии арбоби сиёсӣ, давлатию фарҳангӣ Меҳрубон Назаров дар шаҳри Душанбе маҳфили бошукӯҳи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар маҳфил муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, собиқ вазирони фарҳанг, аҳли илму адаб, ҳунармандон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар оғоз Назариён Обид Одилзода ташрифи ҳозиринро ба маҳфили 100-солагии Меҳрубон Назаров хайрамакдам гуфта, вобаста ба фаъолияти корӣ ва эҷодии ходими намоёни фарҳангии мамлакат ибрози андеша намуд ва бо суханони самимона хотири неки ӯро гиромӣ дошт.
Ҳамзамон, профессор Тамара Абдушукурова, Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, адиби шинохта Тилло Некқадам ва дигарон зимни баромадҳояшон аз хислатҳои неку инсондӯстонаи ин арбоби ҷамъиятию сиёсӣ бо маҳаббату ихлоси беандоза ёдоварӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ, порчаҳо аз намоишномаҳои «Ҳалокати одат» ва «Дасти дӯст», ки аз эҷодиёти Меҳрубон Назаров мебошанд, дар иҷрои ҳунармандони бомаҳорати театрҳои касбии пайтахт манзури аҳли нишаст гардид.
Ҳунармандони маъруфу шинохтаи кишвар Далер Назаров, Афзалшо Шодиев, Соҳиба Давлатшоева бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин ба маҳфил ҷаззобияту шукӯҳи хоса бахшиданд.