![Токио: Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар самти иқтисод баррасӣ шуд](http://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2022/11/317439650_475381131358527_1830921384397127129_n.jpg)
Имрӯз, 28 ноябр муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷаноби Танако Акиҳикодар Токио вохӯрӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, мулоқоти ҷонибҳо дар Токио, дар Дафтари марказии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи фаъолияти пурсамари Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Тарафҳо асосан ба аҳаммияти идомаи таҳкими ҳамкориҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.