Овозхони ҷавон Алим Музофиров аз Душанбе дар гала-консерти ҷашнвораи 13-уми байналмилалии хайриявии «Асои сафед», ки барои барои кӯдакони дорои нуқсони биноӣ баргузор гардида буд, ҳунарнамоӣ кард. Вай суруди «Что оставит ветер»-ро ҳамроҳ бо муаллифаш Денис Майданов иҷро кард.
Алим Музофиров дар ин фестивал бо медалу дипломи хотиравӣ мукофотонида шуд.
Дар навбати худ ҳайати Тоҷикистон ба созмондиҳандагони ҷашнвора изҳори сипос намуда, ба Диана Гуртская ҷомаро бо ороишоти миллӣ ҳадя намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҷашнвораи 13-уми байналмилалии хайриявии «Асои сафед» рӯзи 13 октябр дар шаҳри Москва баргузор шуда, ба рӯзи байналмилалии «Асои сафед» бахшида шуд.