Давоми 2 рӯз — 29 — 30 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар ҳудуди 120 нафар аз саросари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон», ташкилкунандагон аз Аҳмади Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»* низ даъват шудааст, аммо то ба ҳол посухи рад ё мувофиқати онҳо ба даст наомадааст.
Довуди Муродиён, раиси Институти мутолаоти стратегии Афғонистон, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолаоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро дорад, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, мунозиаи Афғонистон дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ аст. Аз ин хотир, дар конфронси ҷаҳонии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” намояндагон ҳам аз Афғонистон, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон даъват шудаанд.
“Яъне ин конфронси байнулафғонӣ нест, минтақаӣ ҳам нест, балки байнулмилалӣ аст. Ширкаткунандагон аз ҷумлаи коршиносон ва намояндагони расмӣ аз Афғонистон, кишварҳои минтақа ва фароминтақа хоҳанд буд. Дар умум, конфронс ба тарафдорӣ аз касе ҳам нест, алайҳи касе ҳам нест”, — гуфт Довуди Муродиён.
Бино ба иттилои ӯ, дар умум 120 меҳмон ва ширкаткунанда аз ҷумлаи коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҷумла 40 нафар аз Афғонистон, 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ва 40 нафар аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Рангин Додфар Испанто, собиқ мушовири амнияти миллӣ, Раҳматуллоҳ Набил, собиқ сардори Раёсати амнияти миллӣ, Залмай Расул, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Фавзия Кӯфӣ ва Шукрия Боракзай, собиқ аъзои парлумон аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи Афғонистон ҳастанд, ширкаташон дар ин нишаст тасдиқ шудааст. Дар умум, аз 20 кишвар ва созмони байналмилалӣ, чун Россия, Амрико, Канада, Англия, Фаронса, Оламон, Суид, Туркия, Арманистон, Эрон, Покистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва ғайра дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
“То ҳамин лаҳазот «Толибон»* тасмим нагирифтаанд, ки дар ин конфронс ширкат мекунанд ё хайр. Аммо, онҳо ба даъвати мо “не” нагуфтанд, аммо як мушкили техникӣ, ки ҳаст, наздик ба 170 нафар аз раҳбарони аршади «Толиб»*-ҳо наметавонанд сафар кунанд, чун инҳо дар феҳристи таъзироти СММ ҳастанд”, — гуфт раиси Институти мутолаоти стратегии Афғонистон.
“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе таҳти унвони “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” ду рӯз идома хоҳад дошт. Он рӯзи аввал, 29 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва рӯзи дуюм, 30 ноябр, дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсӣ доир хоҳад шуд.