
28 ноябри соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC) иштирок намуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон оғоз гардида дар кори он, инчунин намояндагони дигар аъзоёни Созмони ҳамкориҳои исломӣ, сохторҳои Бонки Исломии Рушд, вазорату идораҳо ва корпуси дипломатии Туркия ширкат варзидаанд.