Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти амниятии Ҳирот дар шаҳри Душанбе низ нақзи ҳуқуқи занон ва миллатҳои муқими Афғонистонро маҳкум кард.
Вай ҳамчунин ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки даҳумин даври музокироти амниятии Ҳирот имрӯз, 20 ноябр дар мавзӯи “низоми фарогири сиёсӣ; Намунаҳо ва харитаи роҳ” дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Чорабинӣ то 30 нояб идома мекунад.
Дар ин конфронс як зумра сиёсатмадорони дохиливу хориҷӣ, коршиносон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат доранд.