29 ноябр Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари кории хуб ба Ҷумҳурии Туркия аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар боздид намуда, бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Ертугрул Сойсал мулоқот анҷом доданд, хабар медиҳад Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ миёни муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода ва муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ертугрул Сойсал доир ба ҳамкориҳои мақомоти марбутаи ҷонибҳо дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо бахусус дар робита ба омӯзиши таҷриба дар ин бахшҳои фаъолият андешаронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Туркия муҳокимаи масъалаҳо доир ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, табодулии таҷрибаи пешрафта дар ин самт мебошад.