Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо директори бахши маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереса Миллер масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ, дар мулоқот ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки раёсати донишгоҳ масъалаи бозомӯзӣ ва фаро гирифтани устодонро ба семинару тренингҳо дар мувофиқа бо намояндагони USAID ба роҳ хоҳад монд.
Ҷонибҳо баъд аз анҷоми мулоқот аз синфхонаҳои таълимии факултети педагогика ва осорхонаҳои биологиву зоологии факултети биология дидан намуданд. Тереса Миллер ҳамчунин яке аз ҳадафҳои ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намуд.
Дар ин вохӯрии муфид инчунин доир ба мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои илмӣ ва ироаи маърӯзаҳо табодули назар сурат гирифт.