Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот таҳти унвони«Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” дар шаҳри Душанбе идома дорад. Дар ҳамоиши имрӯза коршиносон дар доираи масъалаҳои «Наврӯзистон: мероси муштараки фарҳангӣ, ҳамзистиии гурӯҳӣ, ҳамкории минтақавӣ», «Нақши СММ дар барқарор намудани сулҳ дар Афғонистон», «Ба сӯи оянда: чӣ бояд кард?» андешаронӣ намуданд.
Дар меҳвари суханронии ҳамаи иштирокчиёни конфронс мухолиф будан бо ҷанги дохилии Афғонистон қарор дошт. Онҳо хостори таъмини амният ва субот дар ин кишвар гардида, баён доштанд, ки мо боварӣ дорем, таъсиси як ҳукумати фарогир омили муҳими расидан ба амният мебошад.
«Мо сулҳи одилонаро бо роҳи гуфтушунид мехоҳем. Сулҳе, ки дар он хоҳиши одамон амалӣ мегардад»-, зикр шуд дар конфронс.
Маврид ба зикр аст, ки нишасти мазкур бо ҳузури сиёсатмадорони собиқи Афғонистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони расонаҳо, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии кишварҳои мухталиф давоми ду рӯз идома дорад.
Он аз соли 2012 инҷониб, ҳамасола аз тарафи Пажӯҳишгоҳи мутолеъоти истротежики Афғонистон дар Ҳирот баргузор гардида, имсол пас аз суқути ин ҷумҳурӣ бори аввал аст, ки берун аз он анҷом мешавад.