Тибқи иттилои дарёфта, имрӯз 30 ноябр Аҳмади Масъуд, раҳбари ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон вориди Тоҷикистон шуд. Интизор меравад, ки ӯ дар нишасти амниятии Ҳирот иштирок ва суханронӣ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки даҳумин нишасти амниятии Ҳирот таҳти унвони«Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” дирӯз, 29 ноябр ба кори худ оғоз намуда, дар он коршиносону олимони дохиливу хориҷӣ, намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, инчунин олимони барҷастаи умури Афғонистон иштирок доранд.
Конфронси мазкур метавонад барои ҳал намудани масоили амниятӣ дар Афғонистон, наздик сохтани мавзегириҳои тарафҳо ва пешниҳоди роҳҳои ҳал мусоидат намояд.