Шарҳе бар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Остона
«Дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 12-13 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин муроҷиат намуда, дар боби масъалаҳое изҳори назар намуданд, ки тайи даҳсолаҳо аз шаҳрвандони оддӣ сар карда то сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва дар маҷмӯъ ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ роҷеъ ба онҳо фикр мекарданд, вале дар дидору мулоқотҳои сатҳи олӣ касе аз онҳо сухан ба миён намеовард»,-навиштааст Раҳмоналӣ Мирализода, корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шакли пурраи онро дар поён пешниҳод мекунем.
Ба таъбири дигар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва риояи дипломатияи байнидавлатӣ монеъ аз он мешуд, ки масъалаҳои доғи муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар ҷаласа ва ҳамоишҳои сатҳи олии кишварҳои узви ИДМ садо диҳанд. Гӯё ҳама интизори касе буданд, ки дар фурсати муносиб масоили иҷрои адолатро дар муносиботи байнидавлатӣ, хусусан муносибатҳои Федератсияи Русия бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар ҳузури ҳама возеҳу равшан ба миён бигузорад.
Ниҳоятан, чунонки дур аз интизор набуд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷуръату ҷасорати сиёсияшонро ҳама сарони кишварҳои Иттиҳод эътироф доранд, ин бори гаронро аз дӯши дигарон сабук намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳузури ҳама Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро мухотаб қарор дода, масоилеро матраҳ карданд, ки на танҳо ба Сарвари Русия, балки ба сарони дигар кишварҳои ИДМ низ дахл доштанд. Яъне, мухотаби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин набуд, чунонки расонаҳо ин изҳори назари Сарвари Тоҷикистонро ба сарвари Русия маҳдуд мекунанд, балки матни суханони Президенти Тоҷикистон масоили муштараки ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ-ро шомил буд. Аммо аз он ҷо, ки бештари масъалаҳо ба Русия марбут мешуд, бардошти умумӣ ҳам ин гуна шуд, ки мухотаби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путин аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии кӯтоҳ, вале пурмазмуну пурмасъалаи хеш нахуст ба ошкоро баён намудани масоил таъкид намуда, суол матраҳ карданд, ки «Мо чӣ мехоҳем? (манзурашон аз ин нишастҳо буд, — Р.М.). Барои ба тамоми ҷаҳон нишон додани он, ки Русия ҷамъи Осиёи Миёна, мо мушкилот дорем? Ва маълум мешавад, ки дар ҳақиқат мушкилот вуҷуд дорад. Мо аллакай ин «панҷгонаҳоро» (то дилатон бихоҳад, — Р.М.) дорем! Баъзеҳо танҳо дар сатҳи гуфтугӯ, баъзеҳо танҳо ба хотири гирифтани иттилоот. Намоишкорӣ аст. Ҳеҷ таъсире надоранд. Амрико ҷамъи Осиёи Миёна. Кореяи Ҷанубӣ ҷамъи Осиёи Миёна, Ҷопон ҷамъи Осиёи Миёна. Ба зудӣ, шояд Покистон ҷамъи Осиёи Миёна, Ҳиндустон ҷамъи Осиёи Миёна ҳам шавад. Боз кӣ мондааст?» (ки бо Осиёи Миёна ҷамъ нашуда бошад? — Р.М.).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқаддимаи суханронии хеш ба се маврид ишора намуданд: аввалан, мақсад аз баргузор намудани чунин ҳамоишҳои сатҳи олӣ чист? Дуюм, мо чи мушкилот дорем? Сеюм, ҷойгоҳи аслии «панҷгонаҳо» дар Осиёи Миёна чи гуна аст?
Албатта, ҳар ҳамоиш мавзӯи гуфтугӯи худро дорад ва мақсади ҷонибҳо дар мавзӯи ҳамоишҳо возеҳу ошкоро малум аст. Вале бо ин тарзи суолгузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон ба натиҷаҳои ин дидору мулоқотҳо ишора фармуданд, ки ба назари эшон дар танзими муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи ИДМ ва созмонҳои минтақавӣ чандон самарабахш ва таъсиргузор нестанд. Ин ишора ба мавридҳо ва мушкилоте буд, ки раҳбарони давлатҳо дар ҳамоишҳо ширкат меварзанд, маърӯзаҳои расмии хешро ироа мекунанд ва бо ҳамин вазифаи худро анҷомёфта шуморида, ба кишварҳои худ бозмегарданд. Аммо қарорҳое, ки қабул мешаванду тасмимҳое, ки гирифта мешаванд, ҳаҷм, сатҳ ва сифати иҷрояшон қонеъкунанда нестанд. Кишварҳои ширкаткунанда на танҳо дар иҷрои қарорҳои қабулшуда саъй ва талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд, балки пойро фаротар гузошта, ба харобсозии муносибатҳо низ иқдом мекунанд. Мисоли равшани инро метавон дар масъалаи баҳсҳои марзии кишварҳои Осиёи Миёна мушоҳида кард, ки тайи чанд соли охир байни Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳамсоякишварҳояш – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон шиддат ёфта, то ҳадди низоъҳои мусаллаҳона ва кушта шудани низомиёну ғайринизомиён доғ мегардад.
Тайи ду соли охир ҳамзамон бо ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе ва Самарқанд ба маҳалҳои марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона кардани низомиёни қирғиз ва кушта шудани садҳо нафар низомиёну ғайринизомиён аз ду тараф эътибори байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро амалан зери суол бурда, эътибору таъсиргузории онҳоро дар ҳалли масъалаҳои байнидавлатии кишварҳои аъзо камранг намуд. Ҳамин гуна ҳолати мушобеҳро дар масъалаи ихтилофоти марзии ду кишвари дигари ИДМ дар Қафқоз – Арманистону Озарбойҷон метавон дид, ки зери чатри як иттиҳод бо ҳам задухӯрдҳои мусаллаҳона анҷом медиҳанд ва бар асари ин даргириҳо ҳазорон нафар кушта, захмӣ ва бехонумон мегарданд, вале нақши ИДМ ва СПАД дар ҳалли он бисёр назарногир аст.
Мисоли дигар, 9 октябри соли равон Ҷумҳурии Қирғизистон размоишҳои неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро дар қаламрави худ бекор кард. Қарор буд, ки аз 10 то 14 октябр дар шаҳри Баликчии вилояти Иссиқкӯл тамринҳои ситоди фармондеҳии СПАД таҳти унвони «Бародарии вайроннашаванда — 2022» баргузор шавад. Бархе аз мақомоти қирғиз гуфтанд, ки баъд аз муноқишаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли равон дар марзҳо Қирғизистон аз ширкат дар машқҳои муштарак бо низомиёни тоҷик худдорӣ мекунад. Пас аз ду рӯзи дигар маълум шуд, ки низомиёни қирғиз дар тамринҳои муштараки СПАД «Сарҳад-2022» дар Тоҷикистон ширкат намекунанд. Расонаҳои Ғарб ин воқеаро ҳамчун нишонаи пошхӯрии СПАД арзёбӣ карданд, ки он дар навбати худ аз ларзиши пояҳои ИДМ дарак медиҳад. Аммо вақте ҳамоишҳои сатҳи олӣ дар доираи ИДМ ва созмонҳои минтақавӣ доир мегардад, дар онҳо ба баррасӣ ва ҳалли чунин масъалаҳои мубрам чашмпӯшӣ ва беэътиноии ошкор зоҳир мегардад. Гӯё ҳеҷ гап нест. Ин мушкилот барои ҳамаи касоне, ки дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳузур доштанд, маълум буд ва ҳар нафарашон он мушкилотро бештар аз ончи зикр шуд, хуб дарк мекарданд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи босамар аз вақти муқарраршуда барои суханронӣ, ба шарҳи он масоил напардохта, танҳо бо ишора ба баъзе мушкилоти мавҷуда иктифо карданд.
Дар идома ҳангоми баршумурдани теъдоди кишварҳои ҷаҳон ҷамъи Осиёи Миёна, ки онро ба «панҷгонаҳо» таъбир намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони кишварҳои ИДМ-ро ба ин масъала ҷалб карданд, ки агар мо дар доираи ИДМ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо риояи ҳуқуқи баробари тарафҳо ва иҷрои бечунучарои паймонҳои имзошуда амалӣ насозем, гироиши кишварҳои минтақа бо дарназардошти манофеъи геополитикиашон ба абарқудратҳо ва кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон бештар мегардад, ки ин зуҳурот бархӯрди манофеъи абарқудратҳоро дар Осиёи Миёна шиддати бештар дода, пояҳои ИДМ-ро сахттар хоҳад ларзонд. Бинобар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти баамаломадаро бо вазъи мавҷуди қабл аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ муқоиса намуда, дар сурати идома ёфтани он аз пошхӯрии ИДМ бонги хатар заданд:
«Ба мо чӣ намерасад? Чизе намерасад. Чизеро мо кор накардем. Монанди он чизе, ки сабаби асосии пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. (Хитоб ба Владимир Путин – Р.М.). Ман фикр мекунам, ки Шумо намеранҷед. Мову шумо шоҳид будем. Ман шоҳиди он будам, ки чи тавр Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд… Он замон, маро маъзур доред, мисли имрӯз ба ҷумҳуриҳои хурд, халқҳои хурд эътибор намедоданд. Таваҷҷуҳ набуд. Анъанаҳо, урфу одатҳо, ҳама чизи дигар ба эътибор гирифта намешуд. Барои рушди ҷумҳуриҳо кумаку дастгирӣ накарданд».
Сарвари давлати Тоҷикистон дақиқан ба он иллатҳои куллие ишора карданд, ки омили аз ҳам пошидани яке аз ду қутби асосии сиёсию иқтисодии ҷаҳон дар поёни асри 20 гардид. Иттиҳоди Шӯравӣ қабл аз суқут зоҳиран он қадар аз нигоҳи иқтисодию низомӣ ва сиёсию таблиғотӣ қудратманд буд, ки агар касе мегуфт, ки то чанд соли дигар ин абарқудрат аз байн хоҳад рафт, шояд ӯро ба нодонӣ ва девонагӣ муттаҳам мекарданд. Вале он иллатҳое, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷмолан ба онҳо ишора карданд, кори худро карданд ва шӯравӣ суқут кард.
Бархе аз коршиносону шореҳони сиёсӣ дар ақсои нуқоти ҷаҳон, ки ин суханрониро дар расонаҳои байналмилалию шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда бозтоб медиҳанд, ин сухани Пешвои миллати тоҷикро як навъ изҳори таассуф аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ маънидод намуданд. Вале воқеият ин аст, ки дар суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ ҳарфи таассуфе дар ин хусус ҷой надошт. Сарвари Тоҷикистон онро ҳамчун мисоли айнӣ барои ҳозирин ироа намуданд ва ишора ба ин карданд, ки агар ҳамин усули муносибати меросии шӯравӣ боз ҳам идома ёбад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ сарнавишти поёнии Иттиҳоди Шӯравӣ қатъан домангир хоҳад шуд.
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия пардохта, ба Владимир Путин иброз доштанд: «Одамон ҳоло ба куҷо мераванд? Шумо дирӯз (теъдоди тоҷикистониҳоеро, ки дар Русия кор мекунанд, – Р.М.) 2 миллион нафар зикр кардед. Аммо ман имрӯз мехоҳам бигӯям, ки 2 миллион не, балки бештар аз 2 миллион нафар шаҳрвандони мо ба Русия на танҳо барои касби даромад мераванд. Даромад, (теъдоди муҳоҷирони корӣ, -Р.М.) на бештар аз 600 ҳазор (нафар, — Р.М.) аст. Тавассути кишвари шумо ба кишварҳои дигар парвоз мекунанд. Мебинем, соли оянда (муҳоҷират ба Русия, -Р.М.) 50 дарсад кам мешавад, зеро роҳҳо баста аст, парвоз карда наметавонанд (ба кишварҳои дигар, -Р.М.). Сониян, онҳо онҷо таълим мегиранд, табобат мекунанд. Бале, аз рӯи анъана ҷалб мешаванд, охир онҳо дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Онҳо ба куҷо мераванд? На ба Эрон, на ба Покистон, на ба Арабистони Саудӣ, на ба ҷои дигаре, ки моро дар он ҷо касе интизор нест. Онҳо ба Русия мераванд».
Дар ин пораи суханронии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омори зикрнамудаи Президенти Федерасияи Русия муҳтарам Владимир Путинро тасҳеҳ намуда, таркиби қишри муҳоҷирони тоҷикистониро дар Русия мушаххас баён намуданд. Маълум шуд, ки аз 2,5 миллион нафар муҳоҷирони мо фақат чаҳоряк ҳиссаи онҳо муҳоҷирони корианд. Як қисми дигар ҳам барои таҳсили илму табобат ба Русия сафар мекунанд ва қисмати сеюми муҳоҷирони тоҷикро касоне ташкил медиҳанд, ки барои сафар ба кишварҳои сеюм аз Русия ҳамчун кишвари транзит истифода мебаранд. Ҳоло ки ба иллати ҷанг бо Украина кишварҳои Ғарб Русияро таҳрим кардаанд, бинобар сабаби баста будани хатсайрҳои нақлиёти заминию ҳавоӣ қисмати сеюми муҳоҷирон дар соли оянда аз сафар ба Русия худдорӣ менамоянд ва имкон дорад омори муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Русия то 50 дарсад коҳиш ёбад.
Аз ин тавзеҳот масъалаи дигаре низ рӯшан мегардад. Гоҳе аз сӯи доираҳои хориҷӣ ва мухолифони ҳукумат ба кишвари мо як навъ таън ворид мегардид, ки ин Русия аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кор, шуғл ва даромад таъмин мекунад. Яъне Тоҷикистон дар ин амр бояд мадюну мамнуни Русия бошад. Ин гуна миннатгузорӣ дар суханронии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин низ, ки як рӯз қабл дар мулоқоти сеҷонибаи сарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро дар кишвараш 2 миллион нафар гуфта буд, эҳсос мешуд.
Воқеан дар чунин гуфтумонҳо ба вобастагии иқтисодии Тоҷикистон аз Федератсияи Русия таъкид ва аз зикри манфиатҳои итисодию иҷтимоии Русия дар ин муомилаҳо дониста чашмпӯшӣ мегардад. Аммо посухи ин шубҳаафканиҳо дар оҳанги баён ва зерматни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан равшан ва мафҳум буд, ки тоҷикон мардуми беҳунар ва муфтхӯр нестанд. Ризқи хешро дар ҳар куҷо, ки бошанд, бо ҳунар, ахлоқи нек ва кори ҳалоли худ ба даст меоранд. Онҳо на танҳо халои корӣ ва иҷтимоиро дар Русия бо ҳузури худ дар коргоҳҳо пур мекунанд, балки дар ободии он кишвар саҳми чашмгир гузошта, аз ҳисоби пардохти маблағҳои молиёт ва дигар боҷҳои давлатӣ хазинаи давлатии онро низ пур мекунанд. Яъне онҳое, ки ба гардани тоҷикону Тоҷикистон ин гуна миннат мегузоранд, ба ҷои изҳори чунин ҳарфҳои беҷо бояд аз тоҷикон сипосгузор бошанд.
Дар идома Сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи мушорикати мусовӣ ва одилона дар умури байнидавлатӣ дахл карда, афзуданд: «Ман аз осмон наафтидаам, ман шоҳидам. Бизнес-форумҳо дар куҷо баргузор мешаванд? Бигузор ҳамкасбони ман наранҷанд, дар Остона ва Тошканд, ҳамон тавре ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, дар Киев, Минск ва Алмаато (баргузор мешаванд, -Р.М.). Ҷумҳуриҳои боқимонда чун пештара мондаанд: «шир диҳед», «пахта диҳед», «ину он дихед». Ягон инфрасохтор набуд… Тоҷикистон ба се қисмат тақсим шуда буд. Шимол ним сол наметавонист бо Ҷануб рафтуомад кунад, роҳи Бадахшон ҳам ним сол баста буд. Роҳ набуд (бо вуҷуди қудрати кофии иҷрои ин корҳоро доштани Иттиҳоди Шӯравӣ, -Р.М.). Имрӯз барои чи агар дар Тоҷикистон ягон форуми тиҷоратиро баргузор кунем, зорию тавалло мекунем? Ба вазири корҳои хориҷӣ дастур додам: «Тамос гиред», интизорем. Ман ҳатто бо шумо (Владимир Путин, -Р.М.) суҳбат кардам. «Бо Оверчук (Муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук, – Р.М.) тамос гиред, то ҳадди ақал дар сатҳи вазир иштирок дошта бошанд. Не, дар сатҳи ҷонишинони вазирон (иштирок мекунанд, — Р.М.). Магар Тоҷикистон сазовори ин гуна муносибат аст – шарики стратегӣ? Мо чиро нодуруст анҷом додем?»
Ин пораи суханони Сарвари давлати Тоҷикистон ба шарҳи зиёд ниёз надорад. Зеро эшон аз мушкилоти ошкор дар муносибатҳои шарикӣ ва риоят нагардидани ҳаққи мусаллами Тоҷикистон аз ҷониби шарики асосии стратегӣ изҳори назар намуда, хостори иҷрои баробарию адолат шуданд.
«Дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион мактаббачагон забони русиро меомӯзанд, вале китобҳои дарсӣ намерасад. Ҳарчанд ки аллакай 30 сол мешавад, ки дар ин бора сухан меравад. Дар мо забони русиро ҳатман аз боғчаи бачаҳо меомӯзанд”, -афзуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин пораи кӯтоҳи суханронӣ Президенти Тоҷикистон ба масъалае ишора карданд, ки мақомоти Русия дар робита ба он хеле ҳассосият нишон медиҳанд. Вале дар айни ҳамин масъала, ки корбурд ва омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар фазои мамлакатҳои пасошӯравӣ мебошад, аз тарафи Федератсияи Русия ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намегардад. Воқеан, агар мо ба сабабҳои сар задани ихтилофоти байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Украина диққат кунем, ки ахиран ба бархӯрди низомӣ кашида шуд, мақомоти Русия яке аз ин сабабҳоро маҳдуд кардани омӯзиш ва корбурди забони русӣ дар Ҷумҳурии Украина аз тарафи мақомоти ин кишвар унвон мекарданд. Дар ҳақиқат ҷои тааҷҷуб аст, ки мақомоти рус ба хотири маҳдуд гардидани забони русӣ бо ҳамсояи наздик ва ҳамнажоду ҳамфарҳанги хеш то ҳадди амалиёти низомӣ пеш мераванд, вале ба рушди он дар як кишвари осиёӣ, ки худ хостори таълиму тадриси он аз зинаҳои поёнии томактабию мактабӣ аст, камтаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд.
Дар идома Сарвари давлати Тоҷикистон ба нуктаҳое ишора фармуданд, ки барои бақои муносибатҳо ва мушорикатҳои тарафайн хеле заруриянд: «Пойгоҳҳои низомӣ вуҷуд доранд. Размоишгоҳҳо ҳамон тавре ки буданд, боқӣ мондаанд. Ҳама чиз мо дорем… Маъзарат мехоҳам, ҳоло 30 000 русзабон, онҳоро “гуреза» намегӯям, кӯчидагон ба кишвари мо омадаанд. Онҳо ба саросари ҷаҳон иттилооти воқеиро пахш мекунанд: «Инҳо он муҳоҷирони корӣ нестанд. Бубинед, мо дар Тоҷикистон ҳастем, дар ин ҷо ин, ин ва ин»…
Бо ин суханон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои шарикии худ ҳеҷ камбудӣ ва тақсире надорад. Барои ҳузури низомии шарики стратегӣ дар минтақа мо шароит фароҳам сохтаем, ки на ҳар шарики стратегӣ ин корро мекунад. Ҳамчунонки Русия муҳоҷирони кории Тоҷикистонро қабул кардааст, Тоҷикистон ҳам кӯчидагони Русияро истиқбол намуд. Онҳое, ки дар ватани худ дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти ғалат доштанд, ба маҳзи дидани он аз рушду шукуфоии кишвар ва самимияту меҳмоннавозии мардуми он шигифтзада шуданд ва аз хубиҳои он дар фазои маҷозии интернет хабарҳову гузоришҳои видеоӣ пахш карданд.
Тоҷикистон ифтихороте дорад, ки дигарон онро надоранд ва ё бахше аз онро доранд. Бузургии миллатҳо баста ба теъдоди онҳо нест, балки ба миқдори саҳми онҳо дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Аз ин нуктаи назар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати поёнии суханронии хеш мақсад, ақида ва пешниҳодҳои худро ҳамчун як тарафи комилҳуқуқи манфиатҳо бепарда, ва шаффоф изҳор доштанд:
«Бале, мо миллатҳои хурд ҳастем. Мо 100-200 миллион нафар нестем. Аммо мо таърихе дорем, ки онро дӯст медорем. Мо мехоҳем, ки моро эҳтиром кунанд. Ба мо ҳеҷ чиз лозим нест. Мо гадо нестем. Мо кишвари бой ва ғанӣ дорем. Захираи канданиҳои фоиданок дар он аз системаи Менделеев ҳам зиёд аст. Ман шоҳидам, ки ҳама тоҷирони Русия танҳо ба «хишт» (хишти металҳои гаронбаҳо, -Р.М.) таваҷҷуҳ доранд, яъне ашёи хом, нафту газ. Аммо саноати маъдани кӯҳӣ, металлургияи ранга, металлҳои гаронбаҳо, сангҳои гаронбаҳо бисёр аст ва ҳатто ашёи хоми стратегӣ барои соҳаи ҳарбӣ мавҷуд аст, ки назираш дар ҷахон нест. Ман ба шумо нақл кардам, вақте ки шумо меҳмони ман будед. Аз рӯи захираҳо Тоҷикистон ҷои якумро ишғол мекунад. Ҳеҷ кас таваҷҷуҳ надорад. Ҳоло ки ҷамъ омадаем, биёед шароит муҳайё кунем!»
Дар ин фақара аз суханронии хеш Пешвои миллат ду афзалияти хосаи миллати тоҷик ва сарзамини тоҷиконро барои ҳозирин гӯшзад намуданд: яке таърихи чандинҳазорсолаву фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва дигаре сарзамини бой ва ғанӣ аз захираҳои унсурҳои кимиёвӣ. Эшон таъкид доштанд, ки бо доштани ин ду имтиёзи бузурги моддию маънавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши ҳеҷ кишвари дигар дасти тамаъ ва гадоӣ дароз намекунад.
Чунин давлату миллат шоистаи эҳтиром аст. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтоёни хеш ва шарикони кишвар тақозои барҳақ намуданд, ки эҳтироми давлату миллати моро риоя намоянд ва аз сарони давлатҳо даъват намуданд, ки дар истихроҷ ва истифодаи судманди захираҳои зеризаминии мамлакати мо ширкат варзанд. Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамин мавзӯъро такмил намуда, андешаи худро роҷеъ ба он ин гуна баён карданд: «Оё мо дар ҷое чизеро вайрон кардем? Дар ҷое бо касе на он қадар хуб салом кардем? Боз салом мекунем. Аммо мо ҳеҷ гоҳ чизеро вайрон накардем. Мо ҳамеша манфиатҳои шарики асосии стратегии худро эҳтиром мекардем ва эҳтиром мекунем. Аммо мехоҳем, ки моро ҳам эҳтиром кунанд. Мо мехоҳем дар баробари кишварҳои африқоӣ ва кишварҳои дигар моро эҳтиром кунанд. Чӣ, мо магар бегона ҳастем, ё ҳамин тавр аст? Дар кишварҳои мо пули зиёд сармоягузорӣ кардан лозим нест. Миллиардҳо маблағи пули сармоягузоришуда дар як муддати кӯтоҳ хароҷоташро мепӯшонад, дар ҳамаи соҳаҳо. Охир, муҳоҷирони кории мо ба сӯи шумо меоянд. Онҳо кор мекунанд, ҳамин тавр ба осонӣ даромад ба даст намеоранд».
Дар суханони поёнии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулосаи андешаҳои хешро ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ин гуна баён доштанд: «Владимир Владимирович, хоҳиши мо аз шумо ин аст, ки нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёна, чунон ки дар замони Шӯравӣ буд, сиёсат бурда нашавад. Ҳар як кишвар мушкилоти худро дорад, ҳар як кишвар анъана ва урфу одатҳои худро дорад. Мо бояд роҳи миёнгини тиллоиро пайдо кунем, бо ҳар як ҷумҳурӣ алоҳида кор кунем».
Бояд гуфт, ки ин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираҳои сиёсӣ, марказҳои таҳлилӣ, васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ бозтоби густурда ёфт. Хулосабарорӣ ва бархӯрдҳо низ ба он яксон набуданд. Расонаҳо онро ба дарназардошти мавқеи сиёсии ҷонибҳо ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳову созмонҳо шарҳу тафсир ва инъикос намуданд. Аммо як чиз возеҳ буд, ки ин суханронӣ сукути кишварҳои узви ИДМ-ро дар масъалаҳои матраҳшуда шикаст. Сарвари Тоҷикистон ҳамчун як раҳбари бонуфузу ботаҷриба дар масоили байналмилалӣ мавқеи давлату миллати хешро бепардаву боҷасорат ва мантиқиву мунсифона иброз намуданд. Барои ҳифзи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва созмонҳои минтақавӣ аз хатари тазъифу фурупошӣ ва ҷорӣ намудани муносиботи баробаронаву бародарона миёни кишварҳои узв талош карданд.
Раҳмоналӣ Мирализода,
корманди Вазорати фарҳанг