
Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Россия идома дорад.
Бино ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сафар Рустами Эмомалиро Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ҳамроҳӣ намуд.
Шоми 4 декабр Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои АП СААД аз маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи нодири табииву фароғатии «Заряде» дар маркази таърихии шаҳри Москва, дар шафати Қасри Кремл дар майдони 13 гектар аз рӯи консепсияи манзаравию меъмории гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ бунёд ёфта, соли 2017 дар ҳошияи таҷлили 870–солагии Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.