Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо аъзои “Клуби тарғибгарон-30” иборат аз доираҳои сиёсиву иқтисодӣ, намояндагони вазоратҳои федеролӣ, музофотҳои федеролӣ, иттиҳодияҳо ва ширкатҳои олмонӣ вохӯрӣ намуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, Имомудин Сатторов ба ҳозирин роҷеъ ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, имкониятҳои нави густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар, минҷумла шарту шароит ва заминаҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф муфассал маълумот дод.
Ҳамчунин, ба авзоъи кунунии амниятии минтақа, чолишҳои замони муосир, паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ тамаркуз карда шуд.
Дар идома барои ҷаъомадагон филми мустанад дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон” намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки «Клуби тарғибгарон-30 (30er-Multiplikatoren-Club)» соли 1972 дар шаҳри Бонн таъсис ёфта, яке аз клубҳои деринаи тарғибгарӣ ба шумор меравад. Ҷамъият шуруъ аз соли 1999 дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин фаъолият мекунад. Аъзои онро тарғибгарон аз доираи сиёсат, вазоратҳои федеролӣ, намояндагони музофотҳои федеролӣ, бахши тиҷорат, иттиҳодияҳо ва ширкатҳо ташкил медиҳанд.