Субҳи имрӯз мақомоти Олмон алайҳи ифротгароёне, ки қасди ҳамла ба мақомоти амниятӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатиро доштанд, амалиёти густурда анҷом дод, хабар медиҳад Прокуратураии федералии ин кишвар.
Нерӯҳои амниятӣ дар 11 иёлати федералии кишвар дар доираи як амалиёти вежа кофтуков анҷом доданд. Дар натиҷаи он 25 нафар боздошт шуданд, ки нисбат ба 22 нафари онҳо бо гумони узвият дар созмонҳои террористӣ ва се нафари дигар ҳамчун ҷонибдорони он парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуданд.
«Табодулотчиён сохтори мавчудаи давлатро сарнагун карда, ба ҷойи он шакли нави давлатдориро, ки хусусиятҳи асосии он аллакай инкишоф ёфтаанд, барпо карданӣ буданд. Тибқи тафтишот, ҳамчунин гумоне вуҷуд дорад, ки аъзои алоҳидаи гурӯҳҳои террористӣ махсус барои ҳамла ба бинои амнияти Олмон дар ҳаҷми як гурӯҳи хурди мусаллаҳ омодагӣ мегирифтанд», — омадааст дар изҳороти Прокуратура.