Генерал Кеннет Маккензи, раиси пешини Фармондеҳии марказии Амрико дар як изҳорот гуфт, ӯ тобистони соли гузашта ба Президенти Амрико Ҷо Байден ҳушдор дода буд, ки дар сурати комилан берун шудани ИМА аз Афғонистон ин кишвар фурӯ хоҳад рафт ва маслиҳат дод, ки беҳтар аст, дар он бахше аз қуввахои харбии ИМА Дар ин мамлакат бимонад.
Ба гузориши радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба рўзномаи «Вашингтон таймс», Маккензи гуфт, ки «Пентагон» ба Ќасри Сафед равшан нишон дод, ки агар ИМА тамоман ақибнишинї кунад , Толибон бешубҳа дар Афгонистон хукмронй хоҳанд кард. Вай афзуд, агар Байден иҷоза медод, ки танҳо як теъдоди ками сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон бимонанд, ҳукумати таҳти ҳимояти Амрико ҳамоно дар мавқеаш боқї мемонд.
Фармондеҳи собиқи CENTCOM мӯътақид аст, ки гузориши ӯ ҳамзамон ба Байден расидааст ва ин шубҳаҳоро ба вуҷуд меорад, ки чаро Байден дар чанд изҳороти соли гузашта эълом дошт, ки ҳукумати демократии Афғонистон ба фаъолият идома хоҳад дод ва Толибон наметавонанд кишварро тасарруф кунанд.
Ба гузориши “Вашингтон Таймс”, Пентагон пайваста гуфтааст, бо вуҷуди итминони лафзии Толибон, ки аз байн бурдани терроризми исломӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ мекунанд, ин кишвар ҳамчунон манбаи маъруфтарин созмонҳои террористии исломгаро, назири Ал-Қоида ва ДОИШ аст.
Қатли раҳбари Ал-Қоида Айман ал-Завоҳирӣ, ки дар аввали моҳи ҷорӣ тавассути як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Кобул кушта шуд, шубҳаҳоро дар бораи иддаои Толибон барои ҷилавгирӣ аз ҳузури террористон дар ин кишвар афзоиш додааст.
Дар посух ба ин суол, ки оё ин далел метавонад дар ниҳоят сарбозони амрикоиро ба Афғонистон баргардонад, Маккензи гуфт, ки ин имконпазир аст.
Ба гуфтаи генерали бознишаста: “Ба назари ман, ин мутобиқ ба манфиати дарозмуддати Амрико аст, ки агар нагузоранд, Афғонистон маркази ифротгароии хушунатбор шавад , ва ман бовар дорам, ки дар замони режими Толибон ин эҳтимол рӯй хоҳад дод.»