Дар пасманзари норозигии шадиди мардум аз сиёсати «таҳаммулпазирии сифр барои COVID-19», мақомоти Чин тасмим гирифтааст, ки онро сабуктар кунад. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Сарфи назар аз он, ки назорати зиддиэпидемиологӣ дар Чин яке аз сахттаринҳо дар ҷаҳон боқӣ мемонад, вазъи ин беморӣ дар кишвар рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Аз аввали моҳи ноябр ба далели хуруҷи сершумори маҳаллии COVID-19, дар бисёре аз шаҳрҳои кишвар карантин эълон шуда, сокинони онҳо муваззаф шудаанд, ки аз ташхиси ҳатмӣ мунтазам гузаранд.
Дар ин замина, дар охири моҳи ноябр дар бузургтарин шаҳрҳои Чин — Шанхай, Пекин, Гуанчжоу ва Вуҳан эътирозҳо алайҳи маҳдудиятҳои аз ҳад сахти зидди COVID-19 баргузор шуданд.
Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз бо нашри як изҳорот дар бораи ҷорӣ кардани даҳ тадбир барои нарм кардани сиёсати зиддиэпидемия хабар дод. «Ба сокинони ҳамаи минтақаҳои кишвар лозим аст, ки дар самти муайян кардани минтақаҳои дорои хатари эпидемиологӣ эҳтиёткор бошанд. Ба биноҳо, хонаҳо, ошёнаҳо ва маконҳое, ки сокинонашон гирифтори бемории сироятӣ ҳастанд, ба таври худсарона ворид нашаванд. Ба зарурати тамдиди карантин дар тамоми маҷмааҳои истиқоматӣ, кӯчаҳо, ноҳияҳо ва маҳаллаҳо роҳ надиҳад», — омадааст дар ин изҳорот.
Мақомот инчунин дастур додааст, ки гузаронидани санҷиши PCR назорати ҷиддӣ карда шавад. Ҳангоми сафар аз як минтақаи Чин ба минтақаи дигар, санҷишҳои PCR ва қабқл кардани ваксинаҳову пешниҳод намудани шаҳодатномаи электронии он лозим аст. Дар баробари ин, мақомот ва корхонаҳои калон метавонанд мустақилона чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияро ҷорӣ кунанд. Масалан, барои иштирок дар мусобиқаву конфронсҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Чин талаб карда шудааст, ки натиҷаи санҷиши PCR-ро дар давоми 24 соат ба ташкилкунандагон пешниҳод кунанд.