Санаи 7 декабри соли 2022 Форуми ҷавонони Тоҷикистону Россия баргузор гардид. Кори форумро муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим ва муовини директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Россия Аширов Денис Вальериевич бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Зимни ифтитоҳи Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Россия таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия заминаи мусоидро фароҳам оварда, имрӯз ҳамкориҳои ин ду кишвари дӯсту бародар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳо барои мубодилаи таҷриба дар тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуда, ҳамкориро байни ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, марказҳои ҷавонон ва волонтёрон густариш мебахшад.
Форум дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон баргузор гардид.