Президенти нави Перу Дина Болуарте рузи имрӯз баъди савганд хӯрдан гуфт, ки тасмим дорад ҳукумате барпо намояд, ки ба он намояндагони ҳамаи қувваҳои сиёсӣ дохил карда шаванд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба сомонаи маъмурияти Конгресси президент иттилоъ медиҳад.
Паёми аввалини ӯ ба ҳайси сарвари давлат чанд лаҳза қабл дар сомонаи Конгресси президенти Перу нашр шуд. Болуарте «кӯшиши табаддулот»-и Педро Кастило, президенти собиқро махкум кард. Ӯ даъват кард, ки «муколамаи васеъ байни тамоми қувваҳои сиёсӣ, ҳам онҳое, ки дар Конгресс намояндагӣ мекунанд ва ҳам онҳое, ки берун аз парлумон ҳастанд» баргузор карда шавад.
Болуарте баъд аз оне, ки парламент президенти пештара Педро Кастиллоро аз вазифааш барканор кард, ба сифати сардори давлат савганд ёд кард.
Ба навиштаи сомонаи расмии Парлумони Перу, ин ниҳод алайҳи президент Педро Кастилло, ки кӯшиши пароканда кардани маҷлиси қонунгузори ин кишварро дошт, импичмент эълон карда, ин рафтори ӯро «ғайриқонунӣ» ва «таабадулоти давлат» номид. Ноиби президент ҷойгузоини ӯ гашта, худаш боздошт шуд ва ҳоло дар идораи полис аст.
Ба навиштаи ин сомона, пештар Кастило эълон карда буд, ки вай конгресси кишварро расман бо ҳукумати муваққатии фавқулодда иваз кардан мехоҳад. Аммо, қонунгузорон ин иқдомро напазируфта, ҷаласаи изтирории худро даъват карданд ва дар он тасмим гирифтанд, ки президентро импичмент эълон кунанд. Пас аз ин, ин ниҳод дар такя ба полиси Перу аксҳои Кастиллоро дар идораи полис нашр кард. Дар ин паём мақомоти қонунгузорӣ ӯро «президенти собиқ» номид.
Болуартеи 60-сола нахустин президенти кишвари Перу аз ҳисоби занон шуд, ки то моҳи июли соли 2026, яъне то анҷоми давраи раёсати Кастилло дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.