
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар умури дипломатияи оммавӣ Фаҳaд Абуалнаср мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд.
Ҷонибҳо асосан перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Маврид ба зикр аст, ки робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 22 феврали 1992 барқарор гардид. Бо ташаббуси сарони ду кишвар тули сӣ сол пояи муносибатҳои сиёсию дипломатӣ рушд ёфта, пайвандҳои дӯстиву бародарӣ таҳким ёфтанд.