
8 декабр дар шаҳри Париж вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса хонум Катрин Колонна баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар моҳи октябри соли 2021 ва муколамаи сатҳи олии дар доираи он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ба манзури татбиқи зарфияти иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ҳарду кишвар таъкид доштанд.
Инчунин зимни мулоқот масъалаҳое, ки зимни гуфтугӯи телефонии роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳокима карда буданд, баррасӣ шуда, дигар масоили дуҷонибаю минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн, хусусан вазъ дар Афғонистон ва таҳкими сарҳад матраҳ гардиданд.