Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Давид Грихтинг масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, зиёд кардани гардиши савдо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар натиҷаи тақвияти ҳамкориҳо тиҷорати дуҷониба дар 10 моҳи соли 2022 ба 285, 4 млн. доллар баробар гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2021 39,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла тадриҷан зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулот аз алюминий, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.