Дар анҷоми 15-умин нишасти Комиссияи ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Эрон, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, созишномаҳои гуногун дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳамлу нақл, энергетика ва муҳити зист ба имзо расид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» иттилоъ додааст.
Вазири неруи Эрон пас аз имзои ин созишнома ба хабарнигорон гуфт, он муқадимаи рушди равобити тиҷоратӣ байни ду кишвар мебошад, ки акнун арзиши он 300 миллион доллар аст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ин нишаст аз омодагии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Эрон гуфт.
Ҳамзамон, ин рӯзҳо дар шаҳри Теҳрон низ 15-умин Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст. Баъди ин нишаст қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии дар шаҳри Теҳрон сурат гирад.