Дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар мунтахабҳои Аргентина ва Хорватия ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил” доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди дастаи Аргентина хотима ёфт.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ Лионел Месси ва ду маротиба Хулиан Алварес ба самар расониданд.
Вохӯриро ҳарду мунтахаб эҳтиёткорона оғоз карданд. Хорватия ҳатто каме бештар ҳамла кард, аммо аргентиниҳо мунтазири мавқеи муносиб шуда, ба аксулҳуҷум мегузаштанд.
Ҳамин тавр бозии ором яку якбора шадиду тезутунд гардид. Алварес дар минтақаи марказӣ бо тӯб қарор дошт ва дарвозабон Ливакович қоидаи бозиро вайрон кард ва довар пеналтӣ дод. Месси дар дақиқаи 34-ум пеналтиро бе хато иҷро кард ва ҳисоби бозиро кушод. Бо гузаро шудани 5 дақиқа Хулиан Алварес ҳисоби бозиро дуболо кард.
Хорватия дар нимаи дуюм бозӣ ва таркибро дигар кард. Бо вуҷуди ин ба онҳо муяссар нашуд, ки ҳисоби бозиро боз кунанд. Аргентина бо ин натиҷа қаноат накарда, як голи дигар ба самар расонид. Месси бо як маҳорати баланд аз Гвардиол гузашт ва тӯбро ба Алварес пас дод. Хулиан Алварес бошад, голи дуюмашро дар вохӯрии имрӯза ба самар расонид ва ҳисоби бозиро бо 3 бар 0 кард.
Ҳамин тавр, Аргентина пас аз 8 сол дигарбора ба финалӣ Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфт. Имрӯз дар бозии дигар мунтахабҳои Фаронса ва Марокаш ҷуфти дигари даври ниҳоиро муаяйн месозанд. Хорватия ҳоло барои нишонҳои биринҷӣ рақобатро идома медиҳад.