Чанд лаҳза қабл дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, иттилоъ дод Абдуфаттоҳи Абдурауф мухбири радиои «Овози тоҷик» аз ин намоиш.
Ба зикри мухбир, намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ намуда истодаанд. Инчунин намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод намудаанд.
Дар намоишгоҳи имсола зиёда аз 4 000 (чор ҳазор) номгӯ китоб аз 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва зиёда аз 30 ноширони дохилӣ, аз қабили Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, Нашриёти муосир, “Ирфон”, “Адиб”, “ЭР-Граф”, “Тиб”, КВД “Комбинати полиграфии Душанбе”, КВД “Шарқи озод”, КВД “Қонуният”, “Матбааи Донишгоҳи милли Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Олами китоб”, Адабиёти бачагона, ҶДММ “Бебок”, ҶДММ, “Торус”, ҶДММ “Офсет”, КВДТС “Китоб” ва дигар нашриётҳои дохилӣ китобҳои тозаэҷоди хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб, дӯстдорони китоб мегардонанд.
Намоишгоҳи мазкур то 16-уми декабр идома мекунад.