Санаи 14 декабри соли 2022 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор ба Донишгоҳи Ситии Малайзия ташрифт оварданд.
Гурӯҳи кориро ректори Донишгоҳи мазкур профессор Мустафа Ҳалабӣ бин Азаҳарӣ бо ҳайати идоракунии Донишгоҳ ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба табодули академии донишҷӯён, ташкили такмили ихтисоси омўзгорон, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоқи муштараки ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишгоҳ ва амсоли инҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи мулоқоти судманд ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 50 нафар донишҷӯёнро ба табодули академӣ ва 20 нафар омӯзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос дар самтҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, молия, муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо сафарбар намояд. Инчунин, ҷониби Донишгоҳи ситии Малайзия омодагии хешро ҷиҳати баргузории машғулиятҳо тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иброз намуданд.
Дар баробари ин, ректори муассиса муҳтарам Асрорзода У.С. иброз доштанд, ки Донишгоҳ омода аст, ки ҳудуди 50 нафар донишҷӯён ва 20 нафар омӯзгоронро аз Донишгоҳи Ситии Малайзия дар доираи барномаҳои табодули академӣ қабул намояд.
Дар раванди мулоқот намояндагони Донишгоҳи Ситии Малайзия профессор Амир Ҳамза Бин Ҷантан, хонума Сара Ошағӣ, профессор Муҳаммад Наим Бин Камарӣ ва профессор Датин Путери Ҷулиана Бинти Абдулазиз фаъолона ширкат варзида, аз ҷониби хеш омодагиро барои ташаккул ва рушди ҳамкориҳо иброз намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар банди 28-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2021 баён доштанд, масъалаи ба роҳ мондани табодули академӣ, ташкили такмили ихтисоси омўзгорон дар марказҳо ва муассисаҳои таълимиву илмии хориҷӣ дарҷ гардидааст.
Аз ин лиҳоз, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳадафи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ноилгардӣ ба иқдомоти болозикр кӯшиш намуда истодааст, ки ҷиҳати бастани созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Малайзия баҳри ташкили табодули академӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ намояд.