Дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ- инклюзивӣ» ҳафтаи чорум аст, ки омӯзиши онлайн дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ» барои омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрантон, докторонтони PhD ва донишҷӯён баргузор мегардад. Онлайн-омӯзишро профессори Донишгоҳи Корея Kim Doohyan гузаронид.
Омӯзиши мазкур дар доираи фаъолиятҳои лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ-инклюзивӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, ташкилоти «Good Neighbors Tajikistan International» онро амалӣ сохта аст, доир шуд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз шарикони асосӣ ба ҳисоб рафта, фаъолиятҳои лоиҳавӣ дар донишгоҳ амалӣ гашта истодаанд.