Аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид, ки хонандагони тоҷик дар он ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Тавре директори МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Нилуфари Нуриддин хабар дод, дар натиҷаи ҷамъбасти олимпиада аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛЕТС» (синфҳои 9-12) — хонандагони синфҳои болоӣ Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 10 — и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамон ва соҳиби Ҷому Шоҳҷоизаи олимпиада гардид.
Ҳамин тариқ кишвари Тоҷикистон бо дастоварди беназир ва таърихии Фирӯза Абдуллоева дар олимпиадаи мазкур мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.
Ҳамзамон Ясминахон Аҳророва — хонандаи синфи 9 ва Дилбарҷон Ҷабборова — хонандаи синфи 10 -и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд дар бахшҳои олимпиада ғолиб омада, соҳиби ҷойи 2 -ум ва медали нуқра инчунин Қобилов Исфандиёр, Нарзуллоев Шукрулло, Мирфаёз Беҳрӯз, Искандаров Искандархоҷа, Шодмонов Шерозхуҷа, Баҳромзода Муҳаммадхон, Ҳайдарзода Рамазон, Мирзохоҷаев Бузрукхоҷа соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бино ба иттилои номбурда, дар баробари ин Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд бо ин дастоварди шоистаи хонандагони болаёқаташ ҳамчун беҳтарин муассиса дар олимпиадаи мазкур дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпидаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 73 нафар хонандагони болаёқат муаррифӣ намуданд.