Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Ректори донишгоҳи мазкур Қобилҷон Хушвақтзода, олимону профеесорон, устодону донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат маросими кушодашавии маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи Асадулло Саъдуллоев баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи он Маҳмадюсуф Имомзода, собиқ вазири маориф ва илм, Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва олимону публитсисони маъруф иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки устод Саъдуллоев аз зумраи муҳаққиқоне маҳсуб меёбад, ки дар рушду такомули публитсистикаи тоҷик нақши созгор гузошта, дар ин самт мактаби хоси худро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло дар ин самт шогирдони зиёди тарбиятнамудааш фаъолият доранд.
Таъкид гардид, ки Асадулло Саъдуллоев дар баробари публитсист будан, муҳаққиқи соҳа низ шинохта шудааст. Таҳқиқи публитсистика ва масъалаҳои марбут ба он маҳз аз ҷониби ӯ дар замони истиқлолият доман густурда, реша гирифт. Пажӯҳишҳои дар сатҳи публитсистикаи тоҷик анҷомдодаи Саъдуллоев нахустин асарҳоеанд, ки паҳлуҳои гуногуни таърих ва назарияи жанр, таъсири иҷтимоии публитсистикаи муосирро ба ҷомеа ва пайванди онро ба каломи бадеъ дар бар гирифта, аҳамияти баланди илмӣ ва таълимӣ доранд.
Асадулло Саъдуллоев, доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз поягузорони мактаби таҳқиқоти журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ соли 1949 дар шаҳр и Ваҳдат ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти журналистии худро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар соли 1969 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» онро идома додааст.
Соли 1979 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ҳайси муовини муҳаррир ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дода ва соли 1981 дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба ҳайси устод кор кардааст. Устод Асадулло Саъдуллоев ҳамчунин чанд муддат декани ин факулта буд. Ӯ то лаҳзаҳои ахири зиндагиаш дар ин факулта ба шогирдон аз фанни таҳқиқоти журналистӣ дарс мегуфт.
Асадулло Саъдуллоев аз публитсистҳои маъруфи Тоҷикистон буд, ки дар саҳифаҳои матбуоти кишвар ҳанӯз аз замони Шӯравӣ мақолаҳои сиёсӣ ба табъ мерасонд.