Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ бунёди коргоҳи нонпазӣ ва қаннодӣ, тарабхона ва маркази хизматрасонӣ, осорхона дар боғи фарҳангиву истироҳатии шаҳр, таъсиси ҳавзи об барои таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии хобгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол бо рафти сохтмон ва лоиҳаи иншооти зикршуда шинос гардида, барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии нақшаи буёнди иншооти ҷашнӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳбарияти шаҳр супоришҳои мушаххас дод.
Дар шаҳри Истиқлол барои обод намудани 4 бинои хобгоҳ низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, биноҳо дар ояндаи наздик пурра таъмир ва ба сокинони эҳтиёҷманд супорида мешавад. Аз ин ҳисоб 160 оилаи ниёзманд бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд.