16 декабри соли 2022 бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Муовини Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хунмэй ҷаласаи фосилавии Зеркомиссия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, зиёд намудани интиқоли мол тавассути гузаргоҳи сарҳади Душанбе — Кулма, ҷалби маблағгузории Чин барои сохтмони қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе — Кулма, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди сабз, энергетика ва тиҷорати электронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Завқизода З. А. имкониятҳои сармоягузорию саноатии кишварро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Дар натиҷа тиҷорати дуҷониба дар 11 моҳи соли 2022 42,3 фоиз афзоиш ёфта, аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи рекордӣ 1 миллиарду 95 миллион доллар расид ва айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин 2-умин бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад.
Илова бар ин дар рафти чорабинии қайдгардида бо мақсади таъсиси корхонаҳои саноатӣ боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара сурат гирифт.