18 декабри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки барои иштирок дар чорабинии варзишӣ аз меҳмонон аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Гурҷистон, Беларус, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Россия ташриф овардаанд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон давоми рӯз қувваозмонӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.
Дар натиҷаи қувваозмоиҳо дар вазни 95 кг ва беш аз 95 кг варзишгари эронӣ Масъуд Қавибозу ва варзишгари ӯзбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза-автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante» гардиданд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм 6 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум мутаносибан 10 000 сомонӣ, 20 000 сомонӣ ва 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.