10-13 август дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик” дар такя ба Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ медиҳад, дар чемпионат 389 варзишгар (218 писар, 171 духтар) аз 65 давлат ширкат хоҳанд намуд.
Ҷумҳурии моро дар он 7 варзишгар – Абубакр Шеров (-66кг), Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар асоси барнома рӯзи аввал – 10-уми август Абубакр ва Нуралӣ, 11-уми август Масъуд, 12-уми август Суннатулло ва Муҳаммадҷон, 13-уми август Эмомризо ва Мансур гуштин мегиранд.
Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо бо 2500 доллари ИМА, барандагони медали нуқра бо 1500 доллар ва барандагони медали биринҷӣ бо 850 доллари ИМА сарфароз мешаванд.