Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҷои панҷумро гирифт. Тоҷикистон бо 1 ҷои панҷум миёни 82 давлати иштирокчӣ дар ҷои 28-ум қарор гирифт. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо 6 октябр дар шаҳри Тошканд шурӯъ гардид ва имрӯз – 13 октябр бо қувваозмоиҳои даставии омехта ба анҷом мерасад.
Дар чемпионат 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 давлат ширкат карданд. Аз ҷумҳурии мо 9 нафар миёни мардҳо ба Тошканд сафарбар гардиданд ва натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов нишон дод.
Темур 12 октябр дар вазни +100кг қувваозмоиро аз даври дуюум оғоз карда, бар Мариус Физел (Словакия) ғалаба кард. Ӯ дар даври сеюм Ҷозеф Терес (Фаронса), дар чорякфинал Минҷонг Кимро (Корея) шикаст дода, ба нимфинал баромад. Аммо дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон Татсуру Саито ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар ин вазн Эндӣ Гранда аз Куба бо шикаст додани Татсуруи ҷопонӣ ғолиб гардид. Гурам Тушишвилӣ ва Минҷонг Ким медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.