Дар рӯзи охири Мусобиқаи байналмилалии «Таҳсил» оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Исоҷон Нурмаҳмадзода (-71кг) дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ ҷои панҷумро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгари тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни -80кг-и равияи тарзи озод сазовори медали тилло шуда буд.
Мусобиқаи байналмилалии «Таҳсил» оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон 16-19 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир гашт.
Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат намуданд.