Имрӯз дар Душанбе нусхаҳои хаттӣ (дастхат) ва минётурҳои “Шоҳнома”-и безавол, шоҳасари шоири шаҳири форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.Чорабинии сатҳи баланд «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома» унвон гирифта, дар он меҳмонон аз Узбекистон, Эрон, Британияи Кабир ва Амрико иштирок доранд.
Бино ба иттилои мухбирони радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Сатториён ва Зулфия Олимбекова чорабинии сатҳи баландро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуд. Номбурда зикр дошт, ки Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шоҳкории адабиёти мо буда, дар байни қавму миллатҳои дигар низ мақоми шоиста дорад. Ин асари безавол аз лиҳози бузургии зоҳирӣ, шаҳомат ва ғунҷоиши маониву мазмун дар саросари ҷаҳон беназир аст ва қариб ба тамоми забонҳои дунё тарҷума шуда, дар ҳоли пажуҳиш қарор дорад.
«Номи конфронс беҳуда ҷуғрофиёи «Шоҳнома» унвон нагирифтааст, зеро имрӯз тамоми ҷаҳон ҷуғрофиёи ин асари безавол аст, чунки ин асар дар руи дунё паҳн шудаву нодиртарин асар маҳсуб меёбад”, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ дар идомаи суханронӣ.
Сипас, Муҳиддин Шамсиддинзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хайати меҳмонони хориҷиро ба кишвари Фирдавсиву «Шоҳнома» хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба ҷойгоҳи ин асар дар фарҳангу таърихи миллати тоҷик суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар рафти конфронс олимон ва пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ баромад намуда, дар мавзӯъҳои “Шоҳнома ватан аст”, “Ҳуввияти забон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Нақши китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар шинохти таърих”, “Инъикоси бузургию матонати зан дар “Шоҳнома” ва амсоли ин маърӯза ироа намуданд.
Дар назар аст, ки чорабинии мазкур давоми рӯз давом намуда, меҳмонон аз Узбекистон, Эрон, Британияи Кабир, Амрико ва дигар кишварҳо дар он дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ суханронӣ хоҳанд кард.