Имрӯз, 2 декабр дар шаҳри Душанбе ба муносибати 75 солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин конфронсӣ илмӣ-ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами арабшиносии тоҷик» доир гардид. Дар он олимону муҳаққиқони самти арабшиносӣ ва тарҷумонҳои варзидаи забонҳои хориҷӣ аз тамоми гушаву канори мамлакат иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Ризвонов Даврон, дар ҳамоиш иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами арабшиносӣ, ва фаъолияти Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин дар самти муаррифи намудани арабшиносии тоҷик дар арсаи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ баромад карданд.
Гуфта шуд, ки баргузории ин гуна конфронсҳо метавонад барои муаррифии бештари олимони роҳи илм мусоидат намуда, аз арҷ гузоштан ба илмҳои гуманитарӣ, арзишҳои милливу тамаддунӣ шаҳодат медиҳанд.
Таъкид гардид, ки олимони мо, бахусус Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин дар самти арабшиносӣ дар сатҳи байнламилали ҷойи намоёнро ишғол мекунанд. Онҳо бо мақолаҳо ва рисолаҳои илмии худ ба инкишофи илми шарқшиносии тоҷик, алалхусус арабшиносии тоҷик саҳми намоёне гузошта, нуфузи онро дар ҷаҳон ҳифз намуданд.
Зикр шуд, ки бо роҳбарии ин донишманди пуркор чандин шогирдон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуда, саҳми худро дар рушти адабиёти тоҷик ва адабиёти араб гузошта истодаанд. Ӯ муаллифи китобу мақолаҳои зиёде дар соҳаи арабшиносӣ буда, асарҳояш дар Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Туркменистон, Ирон, Афғонистон, Яман ва дигар кишварҳо чоп шудаанд.