Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки дар солҳои наздик дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 30 парки технологӣ бунёд кунанд.
Таъкид шуд, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд.
Дар ин раванд зарур аст, ки ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
«Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад»,- таъкид карданд Сарвари давлат.