Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли нерӯи барқи сабз ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон мақоми 6-умро ишғол мекунад. Дар ин бора имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд.
Ба баёни Пешво миллат, дар Тоҷикистон 98 дарсад нерӯи барқи сабз истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ба вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур дода шуд, ки истеҳсоли мошинҳои барқиро ба роҳ монад.