Номи ғолибони марҳилаи аввали Озмуни байналмилалии омӯзгорон «Таълим бидуни марз», ки ба забони русӣ дар хориҷа дарс мегӯянд, маълум шуд. Дар ин бора портали иттилоотии «Doc.22» иттилоъ додааст.
Миёни ғолибон — директори Муассисаи давлатии буҷавии таҳсилоти миёна дар шаҳри Бохтар ба номи М. В. Ломоносов» (Тоҷикистон) Евгений Ласитса, ки қаблан ба ҳайси директори мактаб дар Барнаули Россия фаъолият мекард, низ ҳаст.
Озмун барои муаллимони забонҳои русӣ дар мактабҳо ва марказҳои таълимии кушод дар кишварҳои ИДМ, инчунин муаллимоне, ки забони русиро ҳам аз рӯи усулҳои классикӣ ва ҳам бо истифодаи технологияҳои инноватсионии таълимӣ дарс медиҳанд, ташкил карда шудааст.