Дар доираи як сафари ҳайати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии ин вазорат Наврӯз Мирзозода роҳбарӣ мекард, ба шаҳри Берлини Олмон ба поён расид.
Дар ин ҳайат, масъулони идорӣ ва устодони як қатор мактабҳои олии кишвар, аз ҷумла устодони риштаҳои рӯзноманигорӣ шомил буданд. Айниддин Холиқзода, ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар ин ҳайат ҳамроҳ буд.
Сафари ин ҳайат дар доираи лоиҳаи “Бозбинии барномаҳои таълимии риштаҳои рӯзноманигорӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, сурат гирифт.
Ҳадафи асосӣ аз ин сафар шиносӣ бо таҷрибаи фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таълимии Олмон дар риштаи рӯзноманигорӣ буд, ки дар ин замина таҷрибаи кории омода кардани кадрҳои рӯзноманигорӣ дар як қатор донишгоҳ ва дигар муассисоти таълимии пойтахти Олмон омӯхта шуд.
Шиносоии ҳайати Тоҷикистон аз пойтахт ва калонтарин шаҳри Олмон бо дидан аз осорхонаи хеле нодири иртиботот оғоз ёфт. Осорхонаи иртиботот дар Берлин дар заминаи Осорхонаи Императории Почта, аз ҷониби Генрих фон Штефан, генерали почтаҳои империяи Олмон таъсис дода шудааст. Ин осорхона, чуноне корманди он таъкид кард, бо мақсади «намоиш додани рушди нақлиёт аз ҷаҳони қадим то замони муосир» созмон дода шуда, яке аз аввалин осорхонаҳои таърихи фановариии ҷаҳон эътироф гардидааст. Бинои осорхонаи иртиботот дар Берлин солҳои 1871-1874 барои Почтаи Империя сохта шудааст, ки дар он осорхона низ ҷойгир буд.
Ҳамзамон дар ҷараёни ин сафар мулоқоти доманадори ҳайати тоҷикистонӣ бо хонум Юлиан Хилшер, масъули Пресс-клуби Берлин, ки яке аз созмонҳои муқтадири рушди касбӣ ва тавсеаи рӯзноманигории демократӣ дар ин кишвар эътироф шудааст, баргузор гардид. Хонум Юлиан Хилшер таъкид дошт, ки дар ин созмон беш аз 160 аъзо ба намояндагии зиёда аз 60 расонаи хабарии ин кишвар шомил ҳастанд, ки ҳамагӣ ба рушду такомули касбии кормандони худ ниёзманданд ва Пресс-клуби Берлин дар ин замина ба ҳалли мушкилоти ВАО-и Олмон мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни ин сафар ҳайати тоҷикистонй ба Академияи Дойче Велле ташриф оварда, бо директори иҷроияи он Карстен фон Намен, роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз хонум Лидия Ранерт ва масъули бахши Афғонистон ҷаноби Шамс мулоқот анҷом доданд.
Ҳамчунин устодони Донишкадаи расона ва иртибототи Донишгоҳи озоди Берлин таҳти сарварии профессор Карола Рихтер низ ҳайати моро ба ҳузур пазируфта, аз таҷрибаи кории хеш ибрози назар карданд. Дар ин замина ҳозирин дар бораи таҳияи барномаҳои дарсӣ ва тафовути он бо дигар барномаҳои таълимии самти рӯзноманигорӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз Донишгоҳи илмҳои амалӣ барои расонаҳо, иртиботот ва менеҷменти шаҳри Берлин дидан карда, дар ин ҷараён дар дарси озоди назариявию амалии профессор Маркус Тсиннер ширкат варзиданд.