
Тавре ки чанд рӯз пеш хабар дода будем, аҳволи варзишгар якбора бад шуд ва бозингари собиқ бо аҳли оилааш барои охирон бор хайрухуш кард. Мутаассифона, имрӯз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.
Табибон ба Пеле ташхиси омоси умумии баданро, ки нокомии дил ва ошуфтагиро дар рагҳои хунгард дар бар мегирад, гузаронида, дақиқ карданд, ки ӯ дигар худро нигоҳубин карда наметавонад. Баъди ин, Пеле борҳо аз химиотерапия гузашт, аммо онҳо натиҷаи мусбат наоварданд.
Қаблан, моҳи сентябри соли 2021 Пеле гирифтори варами рӯдаи ғафс шуд ва бо ин иллат моҳи апрели соли 2022 дар беморхона бистарӣ шуд. Илова бар ин, ӯ пас аз ҷарроҳии иваз кардани дил мушкилоти гурда ва простата дошт.
Варзишгар дар клиникаи Сан-Паулу қарор дошт, Ба зикри табибон, хуруҷи саратон сахт буд ва химиотерапияи барвақтӣ низ натиҷа надод. Духтурон ҳатто ёрии паллиативиро пешниҳод карданд, вале натиҷа надод.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин футболбози асри 20 соли гузашта гирифтори бемории саратон шуда, ҷарроҳро аз сар гузаронид, аммо табибон варам шуши ӯро нобуд карда натавонистанд. Ӯ бо вуҷуди беморҳои зиёд, аз ҷумла диабети қанд будан солҳои зиёд ба мухлисон бозии хуб нишон дод ва соли гузашта дучори саратон шуд.