Дар доираи сафари кории худ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти ҳарбӣ баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари Вазири мудофиаи кишвар дар Ҷумҳурии Беларус 3-4 январ идома меёбад.